Исматулло Ҳаёев, раиси ХИМА-ро ба 8 сол зиндон маҳкум кардаанд. ВИДЕО
Исматулло Ҳаёев, писари Иззатулло Ҳаёев, раиси собиқи девони вазирони Тоҷикистонро ба ҳашт сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардаанд. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе ӯро моҳи январи имсол ба "тасарруфи пулу мол" гунаҳкор донист.