Қисме аз "Нассоҷи Хуҷанд"-ро фурӯхтанду андози давлатро гирифтанд
Нозирони Идораи андоз дар вилояти Суғд қисме аз биноҳои "Нассоҷи Хуҷанд", яке аз ширкатҳои бузург дар маркази вилояти Суғдро ба дигар соҳибкорон фурӯхтаанд.
Нозирони Идораи андоз дар вилояти Суғд қисме аз биноҳои "Нассоҷи Хуҷанд", яке аз ширкатҳои бузург дар маркази вилояти Суғдро ба дигар соҳибкорон фурӯхтаанд.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, панҷ нозири андоз дар вилояти Суғд соли гузашта аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Дар ин бора Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд дар як нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд рӯзи 11-уми феврал хабар дод.
Нозирони Идораи андоз дар вилояти Суғд қисме аз биноҳои "Нассоҷи Хуҷанд", яке аз ширкатҳои бузург дар маркази вилоятро ба дигар соҳибкорон фурӯхтаанд. Тибқи қарори Кумитаи андоз, шаш бинои мутааллиқ ба ин ширкатро аз 17-уми ноябри соли 2020 ба ҳабс гирифта, "барои рӯёнидани бақияи қарзи андоз" барои фурӯш дар музояда гузоштанд. Масъулони ин идора рӯзи 11 -уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки фурӯш охири соли гузашта сурат гирифт. Исроил Наимов, сардори шуъбаи ситонидани қарзҳои андоз дар вилояти Суғд... Читать дальше...
Мақомоти расмӣ мегӯянд, панҷ нозири андоз дар вилояти Суғд соли гузашта аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Дар ин бора Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд дар як нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд рӯзи 11-уми феврал хабар дод. Танҳо се нафари онҳо аз Идораи нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон будаанд. Дар гузашта бархе аз соҳибкорони ин шаҳр аз амалкарди масъулони Идораи андоз эътироз карда буданд. Фарҳод Юлдошев, молики як корхонаи насби таҷҳизоти газӣ дар дарвозаи корхонааш навишта буд... Читать дальше...
Александр Лукашенко, ки 11 феврал аз минбари Анҷумани беларусии мардумӣ сӯҳбат мекард, гуфт, тарҳи конститутсияи нави Беларус дар давоми сол омода мешавад. Раҳбари худкомаи Беларус гуфт, ки бовар дорад, кишвар бояд «ҷумҳурии президентӣ» боқӣ бимонад. «Ин кишвар бе Лукашенко мешавад – имрӯз не, фардо ё пасфардо. Ман як шахси қаҳрамон ҳам бошам, вақташ мерасад одамони дигар меоянд. Онҳо дарро мекӯбанд. Ман садояшонро мешунавам», гуфт Лукашенко. Лукашенко пешниҳод кард, ки дар анҷуман тарҳи таҳрири Конститутсияи Беларус баррасӣ шавад... Читать дальше...
Дар Узбекистон президент амр дод, ки ба эмкунии сокинон алайҳи коронавирус шурӯъ кунанд. Матбуоти маҳаллӣ менависад, ки рӯзи 10 феврал Шавкат Мирзиёев амр додааст, ки давоми як моҳ рӯйхати электронии сокиноне, ки воксинаи зидди коронавирусро дарёфт мекунанд, тартиб дода шавад. Феълан маълум нест, ки чӣ миқдом ва кадом навъи воксинаҳо ба Узбекистон ворид мешавад. Ботир Қурбонов, муовини раиси хадамоти амнияти санитарию эпидемиологӣ гуфт, ки воксинаи зидди коронавирус ба ин кишвар моҳи март ворид мешавад... Читать дальше...
Муфтии Қирғизистон бо иттиҳоми фасод боздошт шуд. Тарафдоронаш ба майдон баромаданд ва исрор меварзанд, ки боздошт пояи қонунӣ надорад.
Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дақиқ набудааст, муфтии Қирғизистон бо иттиҳоми фасод дастгир шуд вале тарафдораш мувофиқ нестанд, Эрон ба тавлиди урани филизӣ муваффақ шудааст ва матолиби дигар.
Мақомоти Русия гуфтаанд, баъди арзёбии вазъи эпидемиологӣ ва дар сурати собит шудани набуди СОVID-19 дар Тоҷикистон масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои муназзам ба Русияро баррасӣ мекунанд.
Маъмурони амниятӣ Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев муфтии Қирғизистонро баъд аз чанд соати ба истеъфо рафтанаш бо гумони даст доштан дар фасоди молӣ дастгир карданд.
Президенти Русия Владимир Путин дар як ҷаласаи пӯшида бо сардабирони нашрияҳои русӣ рӯзи 10 феврал сабабҳои эътирозҳову заҳролудшавии Алексей Навалний, масдудкунии сервисҳои интернетӣ ва танзими нархи ғизоро баррасӣ кардааст. Дар ин бора бо такя ба ширкатдорони ҷаласа The Bell хабар додааст. Сардабири Lenta.ru Владимир Тодоров дар бораи масдудкунии интернет-сервисҳои ғарбӣ суол кардааст ва Путин гуфтааст, ки ҳукумат YouTube ва дигар шабакаҳоро феълан бастанӣ нест ва танҳо дар сурати таҳдиди воқеии ин шабакаҳо масдуд мешаванд. Читать дальше...
Як сокини Ҳисорро бо иттиҳоми таҷовузи як писари ноболиғ боздошт кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳия гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан 10 рӯз қабл дар Регар рух додааст. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ карданд. Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 11-уми феврал дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зидди ҷавоне, ки ба писари ноболиғе дастдарозӣ кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишотро додситонӣ идома медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин мард ҳоло дар боздошт қарор дорад. Читать дальше...
Мақомоти Русия гуфтаанд, баъди арзёбии вазъи эпидемиологӣ ва дар сурати собит шудани набуди СОVID-19 дар Тоҷикистон масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои муназзам ба Русияро баррасӣ мекунанд.
Маъмурони наҷот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки соли гузашта ҷони 218 нафарро аз марг наҷот дода ва ё аз вартаи ҳалокат раҳонидаанд. Раҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфтанд, ки соли 2020 ба ин кумита 781 маротиба барои кумак муроҷиат кардаанд ва дар ин сол “ҷони 216 нафарро аз марг наҷот доданд.” Ба гуфтаи онҳо, аз ин миён 148 нафарро, ки дар ҳоли ғарқ шудан буданд, аз об берун кашидаанд. Нуҳ нафари дигарро аз чанголи тармаву селоб раҳо кардаанд. Читать дальше...
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта 515 мавзеи хатарнок барои зиндагиро сабт кардаанд ва бояд 2 соли дигар садҳо хонавода ба ҷойҳои амн кӯч дода шавад. Ҷамшед Камолов, сардори сарраёсати ҳифзи аҳолӣ кумита рӯзи 11-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ин минтақаҳо 24 ҳазор хонавода бо беш аз 158 ҳазор аҳолӣ сукунат доранд. Ба гуфтаи ӯ, то соли 2023 663 оила аз ин маҳалҳои ноамн барои зиндагӣ бояд ба минтақаҳои амн кӯч дода шаванд. Дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ... Читать дальше...
Александр Лукашенко як маҷлиси монанд ба даврони шӯравиро ифтитоҳ карда онро “Анҷумани мардуми Беларус” номид. Ҳадафи он баррасии ислоҳот ва рушди кишвар дар 5 соли минбаъда мебошад. Эҳтимолан дар ин анҷуман инчунин тағйироти конститутсионӣ ҳам баррасӣ шавад, ки талоши дигар барои раҳидан аз эътирозҳои серҷамъияти мардумӣ алайҳи ҳукумати ӯ мебошад. Лукашенкои 66-сола, ки аз соли 1994 ба ин сӯ дар сари қудрат аст, кори анҷумани дурӯзаро 11-уми феврал бо ин суханон шурӯъ кард, ки “ҳамлаи раъдосо”-и хориҷӣ болои Беларус ноком шуд. Читать дальше...
Баҳси Русияву Иттиҳоди Аврупо сари масъалаи боздошт ва заҳролудшавии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний идома дорад, дар ҳамин ҳол, тарафдорони мунаққиди Кремлин ба эътирози нав омода мешаванд. Рӯзи 10-уми феврал додгоҳе дар Маскав амр дод, ки Леонид Волков, як муттафиқи Навалний, ки дар берун аз кишвар мебошад, боздошт шавад. Эҳтимолан ин амр ба даъвати ахири ӯ барои таҷаммӯи мардум дар рӯзи 14-уми феврал рабт мегирад, ки ба нишони эътироз аз ҳабси Навалний дар таърихи 17-уми январ барпо мешавад. Читать дальше...
Ҳамсари сиёсатмадори мухолифи Кремлин Алексей Навалний дар шароити номаълум ба Олмон сафар кард. Юлия Навалная шоми 10 феврал аз фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав ба шаҳри Франкфурти Олмон парвоз кард. Радиои олмонии Deutsche Welle хабар дод, ки касе надид, ки Навалная фурудгоҳро тарк карда бошад, вале чанде аз мусофирон тасдиқ карданд, ки ӯро дар дохили ҳавопаймои ширкати Lufthansa диданд. Дар бораи ба Олмон парвоз кардани Навалная оҷонсии Интерфакс хабар дод. Ҳуқуқшиноси Навалная – Светлана Давидова ба ТАСС гуфтааст... Читать дальше...
Президенти ИМА Ҷо Байден аввалин бор баъди шурӯи кораш дар мақоми раёсатҷумҳурӣ бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Кохи Сафед дар изҳороте, ки 10 феврал нашр шуд, гуфт, “президент Байден ба нигаронии бунёдии худ дар бораи таҷрибаҳои маҷбуриву ноодилонаи иқтисодӣ, саркӯбҳои Ҳонгконг, нақзи ҳуқуқи инсон дар Шинҷон ва рафтори хашинаш дар минтақа, аз ҷумла дар Тайван изҳори нигаронӣ кард”. Равобити миёни ду кишвари азими сайёра дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ ва ҳуқуқи башар хеле бад шудааст. Читать дальше...
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт мегӯяд, пандемияи коронавируси нав имкон надод, занону кӯдакони тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурияро ба кишвар баргардонанд. Урдугоҳҳое, ки ба гуфтаи Созмони Милал ва занони тоҷик вазъи тоқатфарсое доранд.
Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ рӯзи 10 феврал гуфт, ки Эрон ба истеҳсоли миқдори хурди металли уран шурӯъ кардааст ва ин амалаш хилоф бо созиши соли 2015-и Теҳрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Рафаэл Гросси, раҳбари Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ ба кишварҳои узв гуфт, ки нозирон 8 феврал тасдиқ карданд, ки дар корхонаи ҳастаии Исфаҳон 3,6 грамм металли уран истеҳсол шудааст. Бо вуҷуди ин ки ин миқдор кам аст ва ғанишуда нест, метали уран асоси сохтани силоҳи ҳастаӣ шуда метавонад. Собиқ президенти ИМА Доналд... Читать дальше...
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021, ки имрӯз, 11-уми феврал, дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор шуруъ шуд, то 20-уми феврал идома хоҳад кард. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 ҳафт дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии марҳилаи муқаддамотии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» дастаҳои ССКА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ)... Читать дальше...
Қонунгузорони демократ рӯзи 10 феврал парвандаи худ алайҳи собиқ президент Доналд Трампро муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ӯ дар ҳодисаҳои ҳамла ба Капитол дар рӯзи 6-уми январ як тамошобини бегуноҳ набуд, бакли “таҳриккунандаи аслӣ”-и шӯриши марговар буд. Тими демократҳои Маҷлиси намояндагон, ки дар мурофиаи импичменти Трамп дар нақши додситонҳо баромад мекунанд, дар рӯзи дуюми муҳокимаҳо давоми соатҳои дароз бо изҳори назарҳову намоиши видеоҳо аз суханрониҳои Трамп ва навиштаҳояш дар Твиттер талош... Читать дальше...
Як гурӯҳи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки воксинаи ширкати AstraZeneca дар муқобила бо COVID-19 амну фоиданок будааст ва машварат дод, ки аз он фаровон истифода шавад. Аз ҷумла, ин воксина барои истифода дар манотиқе машварат дода шудааст, ки он ҷо навъи коронавируси Африқои Ҷанубӣ ошкор шудааст. Гурӯҳи СҶТ оид ба машваратҳои стратегии эмкунӣ рӯзи 10-уми феврал гуфт, ки ҳафтаи оянда AstraZeneca барои истифодаи изтирорӣ машварат дода мешавад. СҶТ барномаи системаи кишварҳои COVAX-ро роҳандозӣ кардааст... Читать дальше...
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости