Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 26.02.2021

Аъзои оилаи журналисти кушташудаи афғон ҳам ба қатл расиданд

Ozodi.org 

Дар вилояти Ғури Афғонистон рӯзи 25 феврал се узви оилаи як журналисти кушташудаи маҳаллиро ба қатл расониданд. Дар ҳамла ба манзили журналист Бисмиллоҳ Одил Аймақ панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои як мақоми маҳаллӣ, ҳамаи маҷруҳон кӯдакон мебошанд. Нураҳмад Кӯҳнавард, волии Ғур гуфт, ки ин ҳамла кори дасти Толибон буд, вале ҷузъиёти бештаре надод. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон даст доштани ин гуруҳро дар ин ҳамлае, ки касе то ҳол масъулияташро ба дӯш нагирифтааст, рад кард. Худи Аймақ дар рӯзи таҷлили соли нав кушта шуд. Читать дальше...

Вазири дифои Олмон ба Афғонистон сафар кард

Ozodi.org 

Вазири дифои Олмон Аннегрет Крамп-Карренбауэр бо як сафари ғайримунтазира ба Афғонистон сафар кард, то ба қавли мақомоти Берлин, ӯҳдадории ин кишварро дар баробари сулҳи Афғонистон ба намоиш гузорад. Ҳавопаймои вазири дифоъ 26 феврал дар шаҳри Мазори Шариф фуруд омад. Дар ин шаҳр шумори бештари сарбозони олмонӣ мустақар шудаанд. Ӯ гуфт, “Олмон дар ҷараёни сулҳ кӯмакрасонӣ ба Афғонистонро идома хоҳад дод”. Ӯ гуфтааст, “ба Афғонистон ба таври оҷил зарур аст, ки муносибатҳои миёни гурӯҳҳои мухолифи ин ҷомеа хуб шаванд”. Читать дальше...



Раҳпаймоии мухолифони ҳукумати Арманистон дар Ереван

Ozodi.org 

Ҳазорҳо тарафдорони мухолифон рӯзи 26 феврал аз маркази Ереван бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашинян раҳпаймоӣ карданд. Фазои Арманистон баъди он ки низомиёнро дар талоши сарнагунии қудрат айбдор кард, пуртаниш мешавад. Тарафдорони мухолифон бо парчаму шиорҳо дар даст ҳукуматро ба истеъфо даъват мекунанд. Интиқод аз Пашинян дар заминаи имсози созиши оташбас бо Озарбойҷон бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ, ки моҳи ноябри порсол бо миёнҷигии Русия сурат гирифт, мояи интиқоду эътироз аз ҳукумати Никол Пашинян шудааст. Читать дальше...

Дархости як зани ҷангии ДОИШ барои барқарории шаҳрвандии Бритониё рад шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Бритониё дархости як ҷавонзанеро рад кард, ки хост баъди фирораш ба Сурия бо ҳадафи пайвастан ба ДОИШ дубора ба ватан баргардад, чун, ба гуфтааш, зиндагиаш таҳти хатар аст. Шамима Бегум ҳоло 21 сол дорад ва ӯ соли 2015, замоне, ки ноболиғ буд,  ҳамроҳ бо ду духтари мактабхони дигар ба Сурия рафта он ҷо ба як марди узви гурӯҳи мамнӯи «Давлати исломӣ» оиладор шуд. Соли 2019 шиносномаи шаҳрванди Бритониёи ӯ мусодира гардид, вале ӯ аз болои ин қарор шикоят карда хост, ки шаҳрвандии ӯ барқарор гардад. Читать дальше...

Мусаллаҳон садҳо духтарро аз мактабе дар Нигерия бо худ бурданд

Ozodi.org 

Сокинони кишвари Нигерия гуфтанд, ки дар паи як шабехуни гурӯҳи  азими мусаллаҳе ба мактби маҳаллӣ рӯзи 26 феврал, садҳо духтари мактабхон рабуда шуданд ва то ҳол нопайдо мебошанд. Ҳодисае, ки дар мактаби давлатии аёлати Замфара рух дод, ҳамчун одамрабоии мудҳише арзёбӣ мешавад. Волидони Носира Абдуллоҳӣ ба Associated Press гуфтанд, ки ба иттилои онҳо 300 духтар нопадид шудааст ва синни онҳо 10 то 13-сола мебошад. Ба гуфтаи сокини дигари маҳаллӣ Мӯсо Мустафо, афроди мусаллаҳ инчунин ба як қароргоҳи... Читать дальше...

Сатторзода: "Ҳар коре кардам, ба хотири миллату мардум буд"

Ozodi.org 

Рӯзи 26-уми феврал аҳли фарҳангу адабиёт ва сиёсат дар як маҳфиле дар Душанбе барои таҷлили 80-солагии Абдунабӣ Сатторзода донишманд ва дипломати тоҷик ҷамъ омаданд. Сатторзода, узви пешини Кумисюни оштии миллӣ ва муовини собиқи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.



Нахустин раиси Кумитаи андози Тоҷикистон даргузашт

Ozodi.org 

Абдуллоҷон Орифов, аввалин раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ва вакили собиқи порлумон шаби 25-уми феврал дар синни 80 солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, вай чанд соли ахир бемори бистарӣ буд ва аҳли хонавода ӯро дар Хуҷанд нигоҳубин мекарданд.

Фурудгоҳи Хуҷанд зиёни молӣ бардоштааст, вале ба эҳёи парвозҳо омодааст

Ozodi.org 

Фурудгоҳи Хуҷанд зиёни молӣ бардоштааст, вале ба эҳёи парвозҳо омодааст. Раҳбарони фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, дар давраи пандемияи фаъолияти онҳо маҳдуд шуда, зиёни молии бузург овард, вале онҳо ба эҳёи кор ва бозгардони қарзҳояшон омодаанд.

Дар ноҳияи Фархор "Боғи миллӣ" эҳё мешавад.

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Фархор "Боғи миллӣ" эҳё мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода мегӯяд, соли гузашта дар ин боғ чандин дарахт аз беобӣ ва сӯхтор хушк шуда буданд.

Сокинони Тоҷикистон дар бораи гузаронидани ваксинаи зидди Ковид-19 чӣ назар доранд?

Ozodi.org 

Сокинони Тоҷикистон дар бораи гузаронидани ваксинаи зидди Ковид-19 чӣ назар доранд? Бо ин суол хабарнигорони Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳлои Абдуллоҳ ба чанд раҳгузар дар шаҳри Душанбе муроҷиат карданд.

Дар Қирғизистон мехоҳанд, ду раиси ҷумҳури собиқро аз имтиёзҳояшон маҳрум кунанд

Ozodi.org 

Чанде аз фаъолони ҷомеаи маданӣ дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки ҳукумат ду раиси ҷумҳури собиқро аз имтиёзҳояшон маҳрум кунад, зеро харҷ аз буҷаи давлат барои онҳо бисёр зиёд аст.

Мақомот тасдиқ карданд Навалнийро аз боздоштгоҳ ба зиндони дигар бурданд

Ozodi.org 

Мақомоти низоми зиндонҳои Русия тасдиқ карданд, ки раҳбари мухолифон Алексей Навалний аз боздоштгоҳ ба зиндони дигар интиқол  дода шуд. Александр Калашников, раиси Хадамоти зиндонҳои Русия  дар изҳороти рӯзи 26 феврали худ нагуфт, ки маҳалли нигаҳдории Навалний куҷо аст. Навалнийро ба 2,6 соли зиндон маҳкум карданд.  Калашников ба журналистон гуфт, “ӯ ба ҷое интиқол дода шуд, ки бар асоси қарори додгоҳ бояд мерафт”. Ӯ гуфт, “ба шумо кафолат медиҳам, ки ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад, ӯро ба ҳоли худ гузоред”. Читать дальше...

Сездаҳ варзишгари тоҷик ба "Tashkent Grand Slam 2021" омодагӣ мебинад

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми март дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 13 варзишгар (12 мард ва як зан) намояндагӣ хоҳад кард. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то имрӯз, 26-уми феврал, иштироки 533 варзишгар (311 мард ва 222 зан) аз 77 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст. Тоҷикистонро дар сабқати мардон 12 варзишгар – Абумуслим Қаюмзода (то 60 кг)... Читать дальше...

Эътирозгарони Янгонро пароканда карданд

Ozodi.org 

Нирӯҳои амниятӣ дар Янгон, калонтарин шаҳри Мянмар рӯзи 26 феврал бо ҳадафи пароканда кардани беш аз як ҳазор эътирозгар ба ҳаво тири огоҳкунанда кушоданд. Эътирозгарон дар муқобили як маркази тиҷоратии азими Янгон бо шиору навиштаҷот ба даст ҷамъ шуда, мухолифати худро бо ғасби қудрат аз ҷониби низомиён дар таърихи 1 феврал баён карданд. Эътироз бо вуҷуди он идома кард, ки нирӯҳои амниятӣ ба сӯи мардум об пошиданд. Вақте тахминан 50 полиси роҳ ба муқобили эътирозгарон ҳаракат карданд, садои тири... Читать дальше...

Дастёри додситони Шоҳмансурро ба қаллобӣ муттаҳам кардаанд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ба зидди як додситон дар шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, вале худашро «намеёбанд». Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Сайфиддин Баҳриддинзода, дастёри додситони ноҳияи Шоҳмансур ба қаллобӣ муттаҳам мешавад ва ҳоло таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад. Парвандаашро бо моддаи «қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон» калон таҳқиқ мекунанд ва парванда дар дасти Раёсати парвандаҳои махсусан муҳим аст. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ... Читать дальше...

Раҳбарони ИА масоили амният ва дифоъро баррасӣ мекунанд

Ozodi.org 

Рӯзи 26-ми феврал дар рӯзи дуюми ҷаласаи онлайнии Иттиҳоди Аврупо 27 раҳбари кишварҳои узви ин созмон масоили дифоъ ва амниятро баррасӣ мекунанд. ИА барои иқдомҳои ҳамоҳангшуда дар барномаҳои дифоӣ, масалан, нақшаҳои маблағгузории муштарак дар барномаҳои рушди дифоӣ, ки чанд соли охир ба ҳам хӯрда буд, ташкили ҷаласа мекунанд.  Бархе раҳбарон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки талошҳои ИА метавонад ба НАТО, ки  президенти ИМА Ҷо Байден барои барқарории рисолату нуфузи он талош дорад, зарба занад.... Читать дальше...

Ду ҷангҷӯи тоҷик дар Дарвози Афғонистон кушта шудаанд. Тиру мушак ба Тоҷикистон расидааст

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳо, шаби 24-уми феврал дар як ноҳияи Афғонистон, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Рӯзвайи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст, даргирии сахте байни ҷангҷӯёни Толиб ва неруҳои тарафдори ҳукумат ба вуқуъ пайвастааст.


Музыкальные новости
Фрэнк Синатра

Обвиненный в серии изнасилований Кевин Спейси может сыграть Фрэнка Синатру





Rss.plus
Динамо

"Динамо" обыграло "Балтику", дважды забив в компенсированное время




Посольство ФРГ: отозванный посол Ламбсдорф вернется в Москву в ближайшее время

Цены на московские новостройки демонстрируют приятную для покупателей тенденцию

«Телеком-Дейли»: по скоростным параметрам на М12 лидером среди операторов оказался билайн

«Спартак» сделал заявление после проигрыша «Балтике» в Кубке России




Дар Балҷувон умед доштанд, дигарбора нафту газ мегиранд, вале нашуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як ноҳияи “нафтхез”-и Тоҷикистон, ки то 10 сол пеш газу нафт аз онҷо истихроҷ мекарданд, умедвор буданд, ки то имсол дигарбора маводи сӯхти дохилиро истифода мебаранд. Аммо СOVID-19 омаду умедҳои онҳоро барбод дод. Сармоягузорони чинӣ, ки аҳд дода буданд, ба Балҷувон омада манораҳои нафткашро дигарбора ба кор меандозанд, дигар натавонистанд, ба Тоҷикистон биёянд. Ҳоло маълум нест, ки кай лӯлаҳои зангазадаву манораҳои беҳаракати нафткашии Балҷувон таъмир мешаванду ба ҳаракат медароянд. Шералӣ Ҷалилзода... Читать дальше...

AI тасмими бекор шудани мақоми "маҳбуси ақидатӣ"-и Навалнийро шарҳ дод

Ozodi.org 

Созмони байналмилалии Amnesty International дар шарҳи сабабҳои бозбинӣ шудани мақоми “маҳбуси ақидатӣ”-и Алексей Навалний,   гуфт, ин ташкилоти ҳомии ҳуқуқ на бар асоси навиштаҳо дар шабакаҳо ваё зери фишори фаъолони рӯ ба давлат қарор қабул мекунад. Созмон мегӯяд, ки қарорҳояш бар асоси омӯзиши бисёр амиқ ва далелҳо қабул мешаванд. Ин созмон мегӯяд, хабарҳо дар бораи ин ки ба қарори он маъракаи ташкилшудаи тӯҳмати Навалний таъсиргузор шудааст, бепояву асос мебошад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, “пропагандаи мақомоти Русия шинохташаванда аст”. Читать дальше...

Матбуот: ИМА ҷузъиёти қатли Хошуқчиро нашр кард

Ozodi.org 

Дар гузориши хадамоти вижаи ИМА, ки ҷузъиёти куштори бераҳмонаи  журналист Ҷамол Хошуқчиро таҳқиқ кардаанд, гуфта шудааст, ки валиаҳди Саудӣ Муҳаммад Бил Салмон, ба эҳтимоли ғолиб, фармоишгари куштор буд ваё ҳадди аққал ба ин куштор ризоият додааст. Дар ин бора рӯзи 25 феврал матбуоти амрикоӣ хабар дод. Ҷамол Хошуқчӣ, ки дар хориҷа зиндагӣ мекарду бо мақолаҳои интиқодиаш дар ҳақи раҳбарияти Арабистони Саудӣ ном бароварда буд, соли 2018 дар дохили консулгарии саудӣ дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Баъди ин куштор ҷасади ӯро пора-пора карда... Читать дальше...

Пентагон аз мушакборони муассисаҳои ҷангҷӯёни марбут ба Эрон дар Сурия хабар дод

Ozodi.org 

Пентагон гуфт, ки дар шарқи Сурия муассисаҳои марбут ба ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эронро мушакборон кардааст. Вазорати дифои ИМА рӯзи 25 феврал гуфт, ки мушакҳо дар посух ба мушакборонҳои моҳи феврал болои як пойгоҳи ироқӣ буд, ки дар он нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ мустақар шудаанд. Пентагон дар изҳороташ гуфт, ки ин амалиёт паёми рӯшане дорад, ки мегӯяд, «Президент Байден  барои ҳимоят аз ҳуқуқи низомиёни амрикоиву эътилофӣ иқдом мекунад». Дар изҳорот омадааст, ҳамлаҳо ба “чандин муассисае” дар марзи Сурияву Ироқ нигаронида шуданд... Читать дальше...

Дар Арманистон фазо пуртаниш боқӣ мемонад

Ozodi.org 

Як рӯз баъди он ки нахуствазири Арманистон Никол Пашинян низомиёнро дар талоши сарнагун кардани давлат гунаҳгор карду ғарбу Русия ҳама ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват намуданд, фазо пуртаниш боқӣ мемонад. Пашинян шоми 25 феврал хитоб ба 20 ҳазор тарафдоронаш дар Ереван гуфт, иҷоза намедиҳад, ки нирӯҳои мусаллаҳ мудохила кунанд. Ин посухи Пашинян дар вокуниш ба талаби истеъфои нахуствазир садо дод, қаблан чунин талабро гурӯҳҳои мухолифини ҳукумати Арманистон ҳам ба забон оварданд. Рӯзи 26 феврал ҳам мухолифон... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о роли несырьевого экспорта в российской экономике


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Неделя мэра: завод «Москвич», гранты для школ искусств и система городских вокзалов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Не чувствую руку: Доктор Кутушов рассказал к чему приводит частое онемение конечностей




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


Даниил Медведев

Даниил Медведев одолел 121-ю ракетку мира Меджедовича и вышел в 1/8 финала Рима



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России