Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2021

Палатаи ҳисоб гуфт, дар тақсими кӯмакҳо барои муқобила бо КОВИД-19, камбудҳоро ошкор кард

0
Палатаи ҳисоб гуфт, дар тақсими кӯмакҳо барои муқобила бо КОВИД-19, камбудҳоро ошкор кард

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, оид ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона барои муқобила ба бемории COVID-19 санҷишҳояшон дар шаҳру навоҳии кишвар камбудҳоеро ошкор намудааст. 

Дар Тоҷикистон тақсими одилонаи миллионҳо доллар кӯмаки созмону кишварҳои хориҷӣ барои мубориза бо коронавирус аз масъалаҳоест, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста назорати ҷиддии онро аз сӯи мақомот талаб мекунанд.    

Аслиддин Ҳасанзода, сараудитори Палатаи ҳисоб рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар пай гузаронидани аудит дар вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва шаҳри Душанбе 85 ҳазор сомонӣ зарари молӣ ошкор гардид, ки ба тақсими маводи доруворӣ рост меояд.  

Ӯ дар посух ба пурсиши батакрори хабарнигорон, ки шаффофияти тақсими кӯмакҳо то куҷо риоя шудааст, посух дод, ки санҷиш дар ҳама минтақаҳо анҷом шудааст, вале дар ин самт асосан Оҷонсии мубориза бо фасод кор мебарад. "Оҷонсӣ дархост кард, 10 мутахассиси мо барои гузаронидани санҷиш ҷалб шуд". 

Ӯ дар ин робита шарҳи бештар надод, вале як корманди дигари Палатаи ҳисоб бидуни зикри номаш таъкид намуд, ки дар робита ба назорати тақсими кӯмакҳои башардӯстона аудит на дар ҳама шаҳру навоҳӣ сурат гирифтааст. Ӯ афзуд, ки дар моҳҳои июн-июли соли гузашта танҳо дар чанд навоҳии кишвар санҷиш гузаронида шуд, ки натиҷааш беш аз 80 ҳазор сомониро ошкор кард.   

Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли гузашта аз хориҷ ба маблағи бештар аз 41 миллион доллар ёрии башардӯстона гирифтааст. 

Моҳи декбар соли 2020 муовини вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дар посухи расмӣ ба муроҷиати Радиои Озодӣ гуфт, ёриҳо аз васоили тиббӣ, орду равған, масолеҳи сохтмонӣ ва мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" иборат буданд ва ба иддаои ӯ, "ба қишри ниёзманд ва шифохонаҳо расонда шуданд". 

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз сокинон мегӯянд, бо вуҷуди дармонда будан дар аҳди коронавирус кумаки башардӯстона нагирифтанд. 

Айни замон, дар ҷомеа ба шаффофият ва риояи адолат ҳангоми тақсими ёриҳои башардӯстона шубҳаҳо вуҷуд дорад. Қаблан кормандони тиб мегуфтанд, бо вуҷуди ба кишвар ворид шудани кумакҳо, либоси муҳофизатӣ ва васоили беҳдоштиро бо пули худ мехаранд. Мақомот чунин иддаоро пайваста рад кардаанд. 

Баъд аз мавҷи танқидҳо аз шеваи тақсими кумакҳои байнулмилалӣ охири моҳи майи соли сипаришуда раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонси зиддифасод хост, ки ҷараёни тақсиму истифодаи кумакҳоро ҷиддӣ назорат кунанд. 

Тоҷикистон охири моҳи апрели соли 2020, дар остонаи сафари коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард.  

Вазорати тандурустии кишвар  мегӯяд, аз он замон то оғози имсол беш аз 13 ҳазор кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Оморе, ки баъзе сокинону мутахассисон ба дурустии он шубҳа доранд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Рита Дакота заявила, что лицо покрылось прыщами после совета косметолога




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО

Сергей Собянин. Главное за день


Ролан Гаррос

Теннисист Рублев вышел во второй круг Открытого чемпионата Франции



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

На Мальдивы – без лишних трат



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России