Freedom House аз таъқиби шаҳрвандон дар хориҷа нигаронӣ кард
Созмони Freedom House мегӯяд, Русия ва Эрон дар миёни кишварҳои азими худкомае мебошанд, ки мухолифонашонро дар хориҷ таъқиб мекунанд. Дар гузорише, ки 4 феврал нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳукуамти Русия собиқ мансабдорон ва афродеро, ки барои режимҳои худ як таҳдид арзёбӣ мекунанд, дар хориҷи кишвар низ марвиди ҳамла қарор додааст. Ба қавли Freedom House, қароргоҳаш дар ИМА, дар 6 соли гузашта 26 сӯиқасд ё талоши суиқасд ба ҷонро ташхис намудаанд, ки 7 ҳолаташ ба Русия марбут аст. Режими Эрон бо 5 суиқасд ва ё талоши суиқасд дар се кишвар даст дорад. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон, Покистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳам номбар шудаанд. Зеро, ба қавли ин созмон, кишварҳои мазкур шаҳрвандонашонро дар берун аз қаламрави давлатҳо мавриди ҳамла, боздошт ва истирдоди ғайриқонунӣ қарор додаанд.