Кашфи беш аз 2000 тонна маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои Тоҷикистон. 7 ҳазор касро ҷазо додаанд
Оҷонси "Тоҷикстандарт" дар як сол беш аз 2 ҳазор тонна молу маҳсулоти пастсифатро дар бозору фурӯшгоҳҳо кашфу мусодира кардааст. Дар ин бора раҳбарони ин ниҳод дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар доданд ва гуфтанд, ин маҳсулот барои сиҳатӣ зиёновар буд.