Раиси Додгоҳи олӣ дар посух ба талаби ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳабси Дониёр Набиев пуштибонӣ кард. ВИДЕО
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, гуноҳи Дониёр Набиев, сокини 80-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст, "дар додгоҳ собит шуд". Ҳарчанд хешовандонаш ва ҳомиёни ҳуқуқ онро нодуруст медонанд ва озодии ӯро талаб доранд.