Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2021

Лукашенко гуфт, конститутсияи нав соли ҷорӣ омода мешавад

0
Лукашенко гуфт, конститутсияи нав соли ҷорӣ омода мешавад

Александр Лукашенко, ки 11 феврал аз минбари Анҷумани беларусии мардумӣ сӯҳбат мекард, гуфт, тарҳи конститутсияи нави Беларус дар давоми сол омода мешавад. Раҳбари худкомаи Беларус гуфт, ки бовар дорад, кишвар бояд «ҷумҳурии президентӣ» боқӣ бимонад. «Ин кишвар бе Лукашенко мешавад – имрӯз не, фардо ё пасфардо. Ман як шахси қаҳрамон ҳам бошам, вақташ мерасад одамони дигар  меоянд. Онҳо дарро мекӯбанд. Ман садояшонро мешунавам», гуфт Лукашенко.

Лукашенко пешниҳод кард, ки дар анҷуман тарҳи таҳрири Конститутсияи Беларус баррасӣ шавад, салоҳияти мақомҳои  раҳбарикунанда тақсим ва нақши раҳбарони маҳалливу худидоракунӣ маълум гардад. Қаблан эътирозгарон гуфтанд, ки тарҳи конситутсия бояд бо ҷалби васеи аъзои ҷомеа, аз ҷумла мухолифон таҳияву баррасӣ шавад. 

 Анҷумане, ки бо ширкати 2700 вакили рӯ ба давлат дар рӯзҳои 11 ва 12-уми феврал баргузор мешавад, зоҳиран посухи Лукашенко ба эътирозҳои идомаёбандаи мухолифонаш мебошад. Интихоботи баҳсбарангези президентии августи порсол, ки дар он Лукашенкоро ғолиб эълон карданд, боиси эътирозҳои сартосариву бесобиқа дар Беларус шуд. То ҳол Лукашенко ҳеҷ гоҳ омода нашудааст бо мухолифон сӯҳбат карда, талаби онҳо барои истеъфоро бипазирад.

Лукашенко гуфт: «Шарти асосии аз қудрат рафтани ман ин аст, ки дар кишвар сулҳ, тартибот бошад, фаъолиятҳои эътирозӣ набошад, талоши чапаву роста кардани кишвар набошад ва назару ақидаҳо дар чаҳорчӯби қонун баён гардад. Ин аст шарти калидӣ. Шарти дуюм ин аст: агар чунин шуд, ки нафарони нодурусте, ки назарҳои мухталиф доранд, сари қудрат омаданд, дар конститутсия бояд моддаи дуюм ворид шавад, ки як мӯи сари шумо, тарафдорони ман нарезад».

 Лукашенко иддао кард, ки тарафдори зиёд дорад.  Рӯзи аввали анҷуман нахуствазири Беларус Роман Головченко гуфт, аксар вакилони маҷлис нафароне ҳастанд, ки сиёсати ҷории ҳукуматро пуштибонӣ мекунанд.

Александр Лукашенко «нирӯҳои хориҷӣ»-ро дар талоши бесубот кардани кишвар айбдор кард. Ӯ гуфт, ки вазъияти феълии Беларус бо марҳилаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шабоҳат дорад.

Дар изҳороте, ки сафорати ИМА дар Минск нашр кард, гуфта шуд, ки анҷуман, ки аз ҷониби режими Лукашенко барпо мешавад, наметавонад як минбари васеи мардумие бошад, ки мавқеи тамоми ҷомеаи Беларусро муаррифӣ бикунад. Бахши беларусии Радиои Озодӣ бо такя ба ин изҳорот менависад, ки анҷумани мазкур наметавонад барои ҳалли бӯҳрони кунунии сиёсӣ мусоидат кунад.

 Анҷумани чоруми  мардумӣ дар шароите барпо мешавад, ки беш аз ним сол аст дар Беларус мардум аз натиҷаҳои интихобот эътирозҳо барпо мекунанд. Эътирозгарон на Лукашенко, балки раҳбари мухолифон Светлана Тихановскаяро барандаи воқеии интихобот меноманд. Ӯ зери фишори мақомот маҷбур шуд кишварро тарк кунад. Бархе ҳампаймонҳояш ҳабс шуданд.

Талаби эътирозгарон истеъфои Лукашенко, озод шудани зиндониҳои сиёсӣ ва даъвати интихоботи нав мебошад. Рӯзи шурӯи ҷаласа кормандони сохторҳои қудратӣ ба ҳолати омодабош гирифта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вебсайти TUT.BY мегӯяд, ки рӯзи панҷшанбе дар шаҳру манотиқи мухталифи кишвар намоишҳои эътирозии гурӯҳҳои парокандаи мухолифон идома ёфт.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Rammstein

Интимный момент между Лолитой и солистом группы «Rammstein» попал на камеру




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Ролан Гаррос

Медведев пошутил о том, что часто проводит ночные матчи на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Блоги

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России