Ҳамсари Алексей Навалний ба Олмон рафт
Ҳамсари сиёсатмадори мухолифи Кремлин Алексей Навалний дар шароити номаълум ба Олмон сафар кард. Юлия Навалная шоми 10 феврал аз фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав ба шаҳри Франкфурти Олмон парвоз кард. Радиои олмонии Deutsche Welle хабар дод, ки касе надид, ки Навалная фурудгоҳро тарк карда бошад, вале чанде аз мусофирон тасдиқ карданд, ки ӯро дар дохили ҳавопаймои ширкати Lufthansa диданд.
Дар бораи ба Олмон парвоз кардани Навалная оҷонсии Интерфакс хабар дод. Ҳуқуқшиноси Навалная – Светлана Давидова ба ТАСС гуфтааст, ки “ӯ чунин иттилое надорад”. Ҳамсари Навалний барои ширкат дар намоишҳои эътирозии ғайриқонунӣ ба пуштибонӣ аз ҳамсари зиндониаш боздошт шуд.
Тарки Маскав кардани ӯ боиси эҷоди ҳадсу гумонҳое шудааст, ки эҳтимолан дар пешорӯи эътирозҳои нав аз зиндонӣ шудани Навалний ва саркӯбҳои шадид аз озодиву ҷонаш эҳсоси хатар дорад. Маҷаллаи "Der Spiegel"-и Олмон бо такя ба манбаъҳояш навишт, ки Навалная барои корҳои хусусиаш ба Олмон рафтааст. Ҷузъиёти дигар даст даст нест.