СММ: Эрон ба истеҳсоли металли уран шурӯъ кард
Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ рӯзи 10 феврал гуфт, ки Эрон ба истеҳсоли миқдори хурди металли уран шурӯъ кардааст ва ин амалаш хилоф бо созиши соли 2015-и Теҳрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Рафаэл Гросси, раҳбари Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ ба кишварҳои узв гуфт, ки нозирон 8 феврал тасдиқ карданд, ки дар корхонаи ҳастаии Исфаҳон 3,6 грамм металли уран истеҳсол шудааст. Бо вуҷуди ин ки ин миқдор кам аст ва ғанишуда нест, метали уран асоси сохтани силоҳи ҳастаӣ шуда метавонад. Собиқ президенти ИМА Доналд Трамп соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо Теҳрон берун шуд ва бастаи азими таҳримҳоро ба Эрон таҳмил кард. Дар посух Эрон тадриҷан ба нақзи ӯҳдадориҳояш даст зад.