Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2021

Ятимов ба Кобул рафт. Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ телефонӣ сӯҳбат кард

0
Ятимов ба Кобул рафт. Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ телефонӣ сӯҳбат  кард

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов барои гуфтугӯ бо мақомоти афғон ба Кобул рафтааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

Бо он, ки дар мавриди сафари Саймуъмин Ятимов ба Афғонистон мақомот дар Душанбе иттилое нашр накардаанд, аммо ҷониби Афғонистон ҷузъиёти ин онро ошкор кардааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки дар мулоқот бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов, дар мавриди талошҳои сулҳ, охирин таҳаввулот дар музокироти Давҳа, вазъияти амниятӣ, робитаҳои дуҷониба ва вазъи марзи миёни Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳсҳо сурат гирифт.

Муҷибраҳмон Раҳимӣ, аз ёварони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки "нигарониҳои амниятӣ, мубориза бо даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ мавриди баҳс қарор гирифт". Ӯ дар идома навишт, "кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ояндаи номаълуми талошҳои сулҳ, эҳтимоли афзоиши даргириҳо, нуфузи даҳшатафканон ба сӯи Осиёи Миёна, афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва ... нигаронанд. Ба ин делел, сулҳ дар Афғонистонро сулҳ дар минтақа ва Осиёи Маркази ва фасли наве аз тиҷорат ва пайванид минтақавӣ медонанд".

Ин дувумин сафари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Афғонистон дар шаш моҳи ахир аст. Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Ятимов рӯзҳои 9-11 сенябри соли гузашта низ ба Кобул сафар карда, бо мақомоти афғон гуфтугӯ карда буд.

Сафари раҳбари амниятиҳои тоҷик ба Кобул дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 11-уми феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, раванди сулҳи байниафғонӣ, ҳифзи марзҳои давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин тарҳҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, аз мавзӯъҳои мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо будааст.

Манбаъ мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши амният гуфтугӯ намуда, вазъи кунунӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё – Раванди Истамбул", ки қарор аст охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад, гуфтугӯ кардаанд.

Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран гуфтугӯҳо миёни намояндагони ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон дар Давҳа ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Бархе аз мақомоти афғон Толибонро муттаҳам карданд, ки ба ҷанг дар фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Тоҷикистон дар гузашта гуфта буд, ки аз раванди сулҳ дар дар Афғонистон бо раҳбарии ҳукумати он кишвар ҳимоят мекунад.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: Городские вокзалы объединяют маршруты





Москва

Два дня, наполненных театром, музыкой, книгами и наукой, — в Парке Горького во 2-й раз прошел Московский детский фестиваль искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Городские вокзалы объединяют маршруты



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Карди Би

Между Карди Би и рэпершей BIA начался биф




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Чемпионат по служебному биатлону состоялся в столичном главке Росгвардии

Дмитрий Вязьмикин – тренер по индивидуальной подготовке молодежного футбола «Локо»

После концерта и в дождь дороже: как складываются цены на поездки на такси


Даниил Медведев

После поражения де Минору россиянин Медведев завершает выступление в престижном теннисном турнире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

В Архангельске подвели итоги III Всероссийского форума «Арктика. Лёд тронулся»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России