Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2021

Вазир: "Одинаев шиканҷа нашудааст". Наздиконаш: "Миён ва пояш шикастаанд"

0
Вазир:

Вазири корҳои дохилӣ шикояти Маҳмурод Одинаев дар бораи шиканҷа шуданаш аз сӯи маъмурони пулисро рад кард. Пештар Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар вақти эълони ҳукмаш гуфт, маъмурони пулис ҳангоми бозпурсӣ ӯро таҳти шиканҷа қарор додаанд.

Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилӣ рӯзи 19-уми феврал зимни нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Одинаев ҷиноят содир карда, пинҳон шуд ва касе ҳам ӯро шиканҷа накардааст. Вазир хитоб ба хабарнигорон гуфт, "баъд, аз худи ӯ напурсидед, ки вақте нисбати намояндаи давлат ҷиноят содир кардӣ, куҷо пинҳон шудӣ? Вақте пинҳон шуд дар таҳхона, ҳамонҷо худаш, худро шиканҷа кардааст, азоб кашид, баъд мо гирифта овардем, тафтишот бурдем ва суд баҳои ҳуқуқӣ дод". 

Маҳмурод Одинаев рӯзи 28-уми январи имсол бо қарори Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар авбошӣ  ва даъват ба сарнагунии ҳокимият айбдор кард. Додгоҳ ҳамчунин Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаевро 58 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Маҳмурод Одинаев рӯзи 28-уми январ пеш аз эълони ҳукм ба хабарнигори Озодӣ гуфт, баъди боздошт маъмурони пулис ӯро шиканҷа кардаанд ва сутунмуҳрааш осеб дидааст. Инро пайвандони ӯ низ тасдиқ мекунанд. Ҳабибулло Ризоев писари ӯ гуфта буд, "пеш аз боздошт вазъи падарам хуб буд. Ҳозир миён ва пояш шикастагӣ аст. Вақте ман гуфтам, ки ин ман Ҳабибулло, маро нашинохт". 

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфт, ҳукми додгоҳ дар нисбати Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва писараш "асоснок" аст. Ин ниoҳод рӯзи 18-уми феврал дар як баёнияе гуфт, дар робита ба изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон- иттиҳоди мухолифини тоҷик вобаста ба ҳукми зиндони Маҳмурод Одинаев, онро такроран "мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод".

Додситонӣ мегӯяд, Маҳмурод Одинаев рӯзи 29-уми октябри соли гузашта бо ҳамроҳи писар ва ҳамсараш дар назди комисариати ҳарбӣ "дар муддати 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати кормандони комиссариати ҳарбӣ дашномҳои қабеҳ дода, дар сурати ба хизмати ҳарбӣ бурдани писараш таҳдиди истифодаи зӯрӣ намудааст".  

Аммо худи Одинаев ва наздиконаш айбномаи мақомотро рад мекунанд. Меҳринигор Ризоева ҳамсари пешини Маҳмурод Одинаев рузи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт ҳафтаи пеш  аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Рудакӣ ба додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд. Ӯ гуфт баъд аз эълони ҳукм, шавҳарашро надидааст ва танҳо барояш хурок ва либос мебарад.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Одинаев рӯзи 20-уми ноябри соли гузашта ва баъди дархости гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе нопадид шуд. Ӯро баъди ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Мухолифон боздошту эълони иттиҳом ба зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд ва бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд.

Ӯ пеш аз боздошт фаъолияти мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли гузашта дар "Фейсбук" навишт, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.

Рӯзи 13-уми январи имсол Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузорише Тоҷикистонро ба "зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифин ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ" танқид кард. Мақомот ба дурустии кори худ ва сиёсӣ набудани қазияҳо таъкид доранд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: Городские вокзалы объединяют маршруты





Москва

Два дня, наполненных театром, музыкой, книгами и наукой, — в Парке Горького во 2-й раз прошел Московский детский фестиваль искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин открыл пешеходную галерею между станциями метро и МЦД-4 Кутузовская



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Брановицкий

Студия Звукозаписи в Москве. Создание Песен, Музыки, Аранжировок.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Дмитрий Вязьмикин – тренер по индивидуальной подготовке молодежного футбола «Локо»

Чемпионат по служебному биатлону состоялся в столичном главке Росгвардии

После концерта и в дождь дороже: как складываются цены на поездки на такси


Александр Зверев

Александр Зверев: «Сказал себе, что хочу стать примером для подражания. Я больше не ломаю ракетки, почти не получаю предупреждений»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Московская область. КПРФ. Должны смеяться дети и в мирном мире жить!



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России