AI тасмими бекор шудани мақоми "маҳбуси ақидатӣ"-и Навалнийро шарҳ дод
Созмони байналмилалии Amnesty International дар шарҳи сабабҳои бозбинӣ шудани мақоми “маҳбуси ақидатӣ”-и Алексей Навалний, гуфт, ин ташкилоти ҳомии ҳуқуқ на бар асоси навиштаҳо дар шабакаҳо ваё зери фишори фаъолони рӯ ба давлат қарор қабул мекунад. Созмон мегӯяд, ки қарорҳояш бар асоси омӯзиши бисёр амиқ ва далелҳо қабул мешаванд. Ин созмон мегӯяд, хабарҳо дар бораи ин ки ба қарори он маъракаи ташкилшудаи тӯҳмати Навалний таъсиргузор шудааст, бепояву асос мебошад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, “пропагандаи мақомоти Русия шинохташаванда аст”.
“Масъала бояд возеҳ бошад, мафҳумҳоро омехта кардан мумкин нест. Ҳеҷ як аз изҳороти қаблии Навалний боздошти ҳозираи ӯро сафед намекунад, чун ин ҳабс дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад”, гуфтааст Amnesty International. Муаллифони ин изҳорот эътироф карданд, ки қарори қабулкардаи онҳо дар бораи аз мақоми “маҳбуси ақидатӣ” маҳрум карданди Алексей Навалний дар фурсату замони номуносиб гирифта шуд ва гуфтанд, ки ин тасмими онҳо ба маъракаи озод кардани сиёсатмадори мунаққиди Кремлин таъсири манфӣ мегузорад. Созмон дар ин замина изҳори таассуф кардааст.
Як рӯз пеш аз изҳороти Amnesty International, нависандаи маъруфи рус Борис Акнунин дар номаи электроние ба унвонии ин созмон дархост кард, ки қарори худро бозбинӣ кунад. Акунин навиштаст: “Бо маҳрум кардани Алексей Навалний аз мақоми маҳбуси ақидатӣ, Amnesty International ба шахсияте зарба задааст, ки “аввал ӯро куштан мехостанд ва баъди ин ноодилона ба зиндон партофтанд”. Нависанда гуфтааст, “Шумо дари утоқи зиндонро ба рӯи ӯ маҳкамтар баста роҳи мубориза барои озод кардани ӯро ҳам мушкилтар кардед. Шумо бо садоқат ба протоколи корӣ, ба рӯҳу рисолати кории худ зарба задед”.
Amnesty International шоми 17 январ, чанд соат баъди он ки Алексей Навалний баъди бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳи “Шерметево” боздошт шуд, ӯро “маҳбуси ақидатӣ” номид. Навалний бо ин ки дар Олмон давоми ним сол аз заҳрлудшавӣ бо як заҳри низомие табобат гирифтааст, мақомот дар Русия гуфтанд, ки ӯ қарори ҳабси шартии зиндон аз соли 2014-ро нақз кард ва оғози моҳи феврал ӯро ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум карданд. Худи Навалний ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, қаблан гуфтааст, ки заҳролудкунии ӯро президент Владимир Путин фармоиш додааст. Кремлин ин иттиҳомро рад мекунад.
23 феврал маълум шуд, ки Навалний аз мақоми “маҳбуси ақидатӣ” маҳрум шудааст. Ин қарор бар асоси хулосаҳои раёсати умури ҳуқуқиву сиёсии Amnesty International қабул шуд. Созмон гуфт, ки дар изҳориназарҳои солҳои оғози 2000-уми Навалний андешаву ҳарфҳои паҳнкунандаи ақидаҳои нажодпарастиву бадбинӣ ошкор шудааст.
Соли 1964 ҳам созмони Amnesty International айни чунин қарорро дар нисбати Нелсон Мандела ҳам қабул карда буд. Бар асоси меъёрҳои ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, афроди дорои мақоми маҳбуси ақидатӣ наметавонанд хушунатро таблиғ ё ба чунин амалҳо даъват бикунанд.