Сокинони зарардида дар Кӯлоб гуфтанд, ки масолеҳи сохтмонӣ мехоҳанд, на ғизо. ВИДЕО
Селу боронгариҳои 11 май ба Кӯлоб харобии бештар овард. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, садҳо хона зарар дидааст, аммо баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки бо гузашти ду ҳафта ҳеч кумаки сохтмонӣ нагирифтанд. Мақомот мегӯянд, барои рафъи оқибатҳои сел ба мардум кумаки ғизоӣ ва сохтмонӣ мерасонанд.