Як моҳ пас аз задухӯрди мусаллаҳона: Оё Душанбеву Бишкек ба созиш мерасанд?
Таъсири пайомадҳои даргириҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба зиндагии шаҳрвандони одӣ идома дорад. Изҳоротҳои расмӣ дар бораи омодагии ҷонибҳо бо роҳи осоишта ҳал кардани масъалаи марз низ то ҳол шиддатро дар муносибатҳои ду давлати ҳамсоя кам накардааст.