Расонаҳои русӣ: Як мард дар Маскав худ ва ҳамсару фарзандонашро куштааст
![Расонаҳои русӣ: Як мард дар Маскав худ ва ҳамсару фарзандонашро куштааст](https://gdb.rferl.org/7a47ed82-6d68-4d84-b332-dd9d00213e51_cx62_cy25_cw37_w800_h450.jpg)
Мақомоти интизомии Русия хабар доданд, ки як мард дар Маскав зану ду духтарашро кушта, сипас, риштаи ҳаёти худро кандааст. Иллатҳои ба ин кор даст задани ӯ маълум нест. Ҷасадҳоро рӯзи якшанбе дар як минтақаи наздик ба Маскав ёфтаанд.