Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Додгоҳи Хуҷанд дар куҷост?
Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Додгоҳ (Суд)-и шаҳри Хуҷанд, дар ҷараёни амалиёти ноком барои боздошташ ба таври мармуз "нопадид" шудааст. Баъзе аз манобеъ мегӯянд, "ӯ фирор кардааст", вале маълум нест ба куҷо. Иддае дигар бовар доранд, "ӯро гурезондаанд." Мақомот шарҳ намедиҳанд.