Марз ором аст, вале нигаронӣ боқист. Ҳолу ҳавои Чоркуҳ баъди як рӯзи муноқиша. ВИДЕО
Пас аз як рӯзи муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти интизомии шаҳри Исфара ба таҳқиқу баррасии ҳодиса ва зиёни расида ба сокинон шурӯъ кардаанд. Танҳо дар ҳудуди ҷамоати Чоркуҳ дастикам 5 манзили сокинон ва чанд нақлиёт осеб дидааст.