Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 20.09.2022

Созмони Милал. Содир Ҷабборов чӣ гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин чӣ?

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид даргириҳои 14-17-уми сентябрро дар сарҳади кишвараш бо Тоҷикистон, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ба ҷой гузошт, ба баҳс кашидааст.

Эътирози Душанбе ба гуфтаҳои Имонқулов ва дабири Шӯрои кишварҳои туркӣ

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон ба суханҳои Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, эътироз карданд. Имонқулов рӯзи 19-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ иддао кард, ки дар даргириҳои марзӣ "эҳтимол ифротгароён аз Тоҷикистон" иштирок доштанд.

Як иттиҳоми зидди Далери Имомалиро сахттар кардаанд. Таҳқиқи парвандааш ба поён расид

Ozodi.org 

Тафтиши парвандаи Далери Имомалӣ, рӯзноманигору блогери шинохтаи тоҷик, ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Дар ин бора Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Далери Имомалӣ вакили дифоъ пешниҳод кардааст, рӯзи 20-уми сентябр хабар дод.



Мавсими нав. Театрҳои "хуфта"-и тоҷикро кӣ "бедор" хоҳад кард? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз шуд. Ба бовари соҳибназарон, театри тоҷик дар ҳоли "кома" аст ва танҳо мутахассисони хориҷӣ метавонанд, онро дубора "ба худ биоранд". Ин дар ҳолест, ки баъзе аз театрҳои Тоҷикистон аллакай мутахассисони хориҷиро барои кор ба кишвар даъват кардаанд.

Барои осебдидагони Исфара кумак ҷамъ карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷамъоварии кӯмак ба оилаҳое, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд оғоз шудааст. Хоҳишмандон метавонанд ҳама чизҳои зарурӣ аз ҷумла маблағ, хӯрок, либосу дигар ҷиҳози рӯзгорро барои осебдидагон фиристанд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар аввалин бозии санҷишӣ дар Дубай пирӯз шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар шаҳри Дубай дар аввалин бозии санҷишӣ бошгоҳи «Малиҳа»-ро, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат меварзад, бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Идрис Ёров ду гол, Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов якголӣ заданд.  Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии навбатии санҷишии мунтахаби кишвар дар доираи ҷамъомади... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 20-уми сентябри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Сокинони ҷамоатҳои Чилгазиву Шӯроби Исфара барои аввалин бор шоҳиди муноқишаи низомӣ шуданд, дар Душанбе маъракаи ҷамъи ёриҳои башардӯстона ба мардуми зарардидаи минтақаи муқовимати марзӣ ҷараён дорад ва дар Душанбе мавсими нави театрӣ шурӯъ шуд.



"Turkish Airlines" аз омӯзиши халабонҳои рус худдорӣ кардааст

Ozodi.org 

Маркази омӯзишии ширкати ҳавопаймоии "Turkish Airlines" аз омӯзиши халабонҳои Русия дар дастгоҳҳои тамрини парвоз худдорӣ кардааст. Бино ба иттилои "The Insider", ширкати туркӣ ин тасмими худро ба "сахттар шудани таҳримҳои Оҷонси амнияти парвозҳо дар Аврупо рабт додааст". Коршиносон дар суҳбат бо "The Insider" гуфтаанд, ки ширкатҳои дигар низ ҳатман аз маркази омӯзишии "Turkish Airlines" пайравӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи онҳо, омӯзиши халабонҳои рус бидуни истифода аз дастгоҳҳои мазкур бехатарии парвозҳоро дар Русия... Читать дальше...

Рӯйхати 58 қурбонии низои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти расмӣ номи 57 нафареро гирд овард, ки ҳангоми даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон кушта шудаанд. Ин рӯйхат ғайрирасмӣ аст ва ниҳоӣ нест.

Ҳаракати санҷишии нахустин қатораи "Чин - Қирғизистон - Узбекистон - Афғонистон"

Ozodi.org 

Нахустин қатораи санҷишии долони нақлиётии "Чин - Қирғизистон - Узбекистон - Афғонистон" тавассути масири "Кошғар - Ӯш - Андиҷон - Ғалаба - Хайратон" ба роҳ баромад. Дар ин бора ширкати "Узбекистон темир йуллари" рӯзи 19 сентябр хабар дод. Боре, ки ба қатора дар истгоҳи Ӯш бор карда шудааст, аз маводи ғизоӣ ва ашёи рӯзгор иборат буда, ба Узбекистон тааллуқ дорад. Онро қатораи Узбекистон то истгоҳи Мазори Шарифи Афғонистон интиқол медиҳад. Қатора бояд баъди ду ҳафта ба истгоҳи охирин расад. ... Читать дальше...

Оғози баррасии парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Душанбе 

Ozodi.org 

Мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 21-уми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов хабар додааст.  Маълум нест, мурофиаи рӯзноманигор ба таври боз баргузор мешавад ё паси дарҳои баста. Парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро барои муҳокима як моҳ пеш ба додгоҳ фиристода буданд.   Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба се иттиҳом – “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили... Читать дальше...

Пешниҳоди "Рӯзи мотами миллӣ" дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод доранд, ки барои гиромидошти қурбониёни муноқишаи марзӣ дар Тоҷикистон рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад. Оё ҳукумат мепазирад?

Президенти Қирғизистон бо дабири кулли СММ мулоқот мекунад

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо як сафари корӣ озими шаҳри Ню-Йорки Амрико шудааст. Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷабборов "дар мубоҳисаҳои умумии Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ ва бо дабири кулли созмон Антониу Гутерриш мулоқот карда, ҳамчунин як қатор вохӯриҳоро дар сатҳи олӣ анҷом хоҳад дод". Вазорати умури хориҷии Қирғизистон 17 сентябр хабар дода буд, ки раҳбари ин ниҳод Жээнбек Кулубоев бо дабири кулли СММ телефонӣ гуфтугӯ ва дар бораи ҳодисаҳои ахири марзии ин кишвар бо Тоҷикистон суҳбат кардааст. Читать дальше...

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2022 дар Дубай омодагӣ мебинад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин ҷамъомад 14 нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - аз чаҳор бошгоҳи Суперлигаи Тоҷикистон даъват шудаанд. Инчунин дар Дубай баргузории якчанд бозиҳои санҷишӣ бо бошгоҳҳои маҳаллӣ дар назар аст. Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё... Читать дальше...

Пирӯзии гуштигирони тоҷик дар рӯзи аввали Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд

Ozodi.org 

Рӯзи аввали мусобиқаи IX байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки 19-уми сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони тоҷик ба поён расид.  Ба барномаи мусобиқаи имсола рақобатҳо миёни мардон дар панҷ вазн (-66 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) ва миёни занон дар ду вазн (-57 кг, -63 кг) дохил аст. Рӯзи аввали мусобиқа – 19-уми сентябр – мардон дар ду вазн (-66 кг, -81 кг) ва занон низ дар ду вазн (-57 кг, -63 кг) рақобат карданд. Дар сабқати мардон дар вазни то 66 кило... Читать дальше...

Ҳамаи кормандони "Ёрии таъҷилӣ" дар Жанаозен корро тарк карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон даҳҳо корманди "Ёрии таъҷилии тиббӣ" корро тарк карданд. Онҳо пештар талаби маоши бештарро доштанд. Ин ҳодиса баъди он рух дод, ки додгоҳ ҳафтаи гузашта гирдиҳамоии кормандони "Ёрии таъҷилӣ"-ро ғайриқонунӣ донист. Ҳамзамон корфармо дар асоси қарори додгоҳ 11 кормандро аз кор ронд. Баъди он ки ҳамаи кормандони "Ёрии таъҷилӣ" корро тарк карданд, мақомоти Жанаозен онҳоро барои гуфтугӯ даъват кардаанд. Аммо кормандон ин даъватро рад кардаанд. Мурод Белбоев, ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ" гуфт... Читать дальше...

Тоҷикистону Қирғизистон ба таҳқиқи байналхалқии ҳодисаҳои 14-17 сентябр даъват доранд

Ozodi.org 

Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон дар мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллӣ гуфт, ки Қирғизистон омода аст, дар сатҳи байналхалқӣ "ҳамлаи Тоҷикистонро ба ҳудуди худ" исбот кунад. Ба гуфтаи вай, мақомоти Қирғизистон омодаанд, "ҳамаи далелҳои қатъии ҳамлаи Тоҷикистон ба Қирғизистонро бо аксу наворҳо исбот кунанд". "Вазорати корҳои хориҷӣ иттилои холисонаро ба сафоратҳову созмонҳои хориҷӣ дастрас мекунад. Мо ин масъаларо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонем. Ҳамчунин мо ба таҳқиқи байналхалқӣ омодаем. Читать дальше...

Як толибро бо як муҳандиси амрикоӣ табодул карданд

Ozodi.org 

Дар Фурудгоҳи шаҳри Кобули Афғонистон муҳандиси амрикоӣ Марк Фрерихсро бо узви баландмақоми Ҳаракати "Толибон" Башир Нурзай табодул карданд. Марк Фрерихс, ҷанговари неруҳои дарёии ИМА аст, ки бештар аз 10 сол ба ҳайси муҳандис-мушовир кор карда, борҳо ба Афғонистон омадааст. Вай моҳи феврали соли 2020 дар Афғонистон нопадид шуд. Эҳтимол меравад, ӯро шабакаи Ҳаққонӣ рабудааст. Ин шабака бо Толибон робита дорад. Вашингтон раҳоии Фрерихсро талаб дошт ва ин талаб ба хусус баъди сари қудрат омадани... Читать дальше...



Москва

Концерт "Две музы"


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин рассказал, как офсетные контракты развивают фармотрасль Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Волочкова продемонстрировала хорошую спортивную форму




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В 6-м туре женского «командника» в Сочи шахматная сборная Москвы разгромила краснодарок, а «Сима-ленд» справилась с Татарстаном

В Москве в 12-й раз пройдет фитнес-фестиваль «ФитЭкспо 2024»

Что произошло 8 мая в истории Якутии


WTA

Свентек выиграла титул WTA в Мадриде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Стройка привлекает новых игроков // На рынке недвижимости Москвы растет конкуренция



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России