Президенти Қирғизистон бо дабири кулли СММ мулоқот мекунад
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо як сафари корӣ озими шаҳри Ню-Йорки Амрико шудааст.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷабборов "дар мубоҳисаҳои умумии Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ ва бо дабири кулли созмон Антониу Гутерриш мулоқот карда, ҳамчунин як қатор вохӯриҳоро дар сатҳи олӣ анҷом хоҳад дод".
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон 17 сентябр хабар дода буд, ки раҳбари ин ниҳод Жээнбек Кулубоев бо дабири кулли СММ телефонӣ гуфтугӯ ва дар бораи ҳодисаҳои ахири марзии ин кишвар бо Тоҷикистон суҳбат кардааст.
Манбаъ афзуда буд, ки дабири кулли СММ дар ин суҳбат омодагии худро барои вохӯрӣ бо президенти Қирғизистон баён дошта, гуфтааст, вазъро бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ баррасӣ хоҳад кард.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ рӯзи 19 сентябр гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ бо Антони Гуттериш, дабири кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, "зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур намуд."
Мақомоти Қирғизистон иддао доранд, ки ин Тоҷикистон буд, ки ба хоки онҳо таҷовуз кардааст.