Баъд аз фармони Путин фирори мардум аз Русия якбора зиёд шудааст
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 21-уми сентябр аз басичсозии нисбии низомӣ дар кишвараш хабар дод. Баъд аз ин хабар дар фосилаи кӯтоҳе билети парвози ҳавопаймо аз Маскав ба кишварҳое фурӯхта шуданд, ки шаҳрвандони Русия метавонанд, бидуни виза сафар кунанд.