Танҳо 10% -и мактабҳои Қазоқистон ба Интернети "хуб" пайваст будаанд
Вазири рушди рақамии Қазоқистон Багдат Мусин 1-уми ноябр дар ҷаласаи ҳукумат ҳангоми баррасии "Консепсияи рушди маориф барои солҳои 2022-2026" гуфт, танҳо 10 дарсади мактабҳои ин кишвар ба Интернете пайваст ҳастанд, ки ба тавсияҳо мувофиқат мекунад.