Доварони бозии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистон ва Русия аз Узбекистон мебошанд
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Русияро, ки рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳакамон аз Узбекистон доварӣ мекунанд.