"Барои ошкоргӯӣ зиндонӣ шуд." Вокунишҳо ба ҳукми Завқибек Саидаминӣ. ВИДЕО
Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ барои ошкоргӯйӣ зиндонӣ шудааст, на ифротгароӣ. Додгоҳе дар Душанбе рӯзи 3-юми ноябр ӯро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард. Худаш гуфтааст, гуноҳ надорад.