ИМА ба Узбекистон мошинҳои ҷангӣ тақдим кард
Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба Вазорати мудофиаи Узбекистон 50 мошини ҷангии навъи “Polaris MRZR” тақдим кардааст.
Дар ин бора сафорати ИМА дар Тошканд хабар додааст.
Мошинҳо дар доираи кумаки ИМА ба шариконаш ба хотири ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзиашон тақдим шудааст. Маблағи кумак 2,8 миллион долларро будааст.
Солҳои ахири ИМА ҳамкориҳояшро ба кишварҳои Осиёи марказӣ бештар кардааст.
Ба Тоҷикистон ҳам ИМА миллионҳо доллар кумаки низомӣ кардааст.