Додгоҳи Душанбе Ораз Вазирбековро ба 16 сол зиндон маҳкум кардааст
Додгоҳи шаҳри Душанбе Ораз Вазирбеков, яке дигар аз фаъолони мадании зодаи Бадахшонро ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Яке аз пайвандони ӯ рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокима рӯзи 5-уми ноябр бидуни ҳузури хешовандон сурат гирифтааст ва додрас ҳам ҳукмро эълон кардааст.