Як фаъоли маданиро дар Душанбе 13 сол зиндонӣ карданд. Рамзӣ Вазирбеков кист?
Додгоҳи Душанбе як зодаи вилояти Бадахшонро, ки бо танқидҳояш аз кори мақомоти Тоҷикистон шинохта буд, ба 13 сол зиндон маҳкум кардааст. Рамзӣ Вазирбеков моҳи июли имсол дар шароити мармуз дастгир ва ҳукмаш паси дарҳои баста дар боздоштгоҳ эълон шуд.