"Ман наметавонистам, ки бибозам...". Истиқбол аз Темур Раҳимов дар фурудгоҳ
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 9-уми ноябр серодам буд. Ҳаводорони варзиш ва сокинони пойтахт ба истиқболи паҳлавони машҳури тоҷик Темур Раҳимов омада буданд. Ӯ се рӯз баъд аз пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Боку, ба Тоҷикистон баргашт.