Боздошти фаъоли туркман Нурбердӣ Бозоров дар Истамбул
Фаъоли мадании туркман Нурбердӣ Бозоров, ки мақомоти Туркманистонро танқид мекард, рӯзи 29-уми октябр дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шудааст.
"Ӯ дар ҳоли ҳозир дар маркази ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ дар Истамбул нигаҳдорӣ мешавад. Ӯро мехоҳанд, ба Туркманистон ихроҷ кунанд", - гуфт фаъоли дигари туркман Нурмуҳаммад Аннаев ба бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Аннаев ва фаъолони дигари туркман бар ин назаранд, ки Бозоров бо дархости мақомоти Туркманистон дастгир шудааст. Онҳо мегӯянд, Нурбердӣ Бозоров дар сурати ихроҷ дар ватан ё шиканҷа ё бедарак хоҳад шуд.
Фаъолон мегӯянд, Бозоров ҳукумати Туркманистонро танқид мекард. "Ӯ ҳукумати Туркманистон ва хонаводаи Бердимуҳаммадовҳоро танқид мекард. Баъзан ба таҳқири шахсият мегузашт. Шояд аз ҳамин сабаб мақомоти Туркманистон хостори ихроҷи ӯ ҳастанд", — гуфт яке аз ин фаъолон.