Туркия гуфт, омилони бомбгузориро дастгир кардааст
Мақомоти Туркия гуфтанд, бо иттиҳоми бомбгузории маргбор дар Истанбул 22 нафарро дастгир карданд.Аз ҷумла як зани курдро, ки ба гуфтаи мақомот худаш бомбро дар як гушаи серодами Истанбул гузоштааст. Дар ин бомбгузорӣ дар хиёбони Истиқлол 6 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.