Раиси пешини Додгоҳи Хуҷандро ба 2 соли зиндон маҳкум кардаанд
Додгоҳи олии Тоҷикистон раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро бо айбномаи порагирӣ ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи қонун барои ин айбнома аз панҷ то даҳ соли зиндон пешбинӣ шудааст.