Фаъоли қарақалпоқистонӣ 40 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд
Додгоҳе дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 16-уми ноябр Тлеубик Юлдошева, фаъоли қарақалпоқистониро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Дар ин бора дар додгоҳи вилоятии Оқтеппаи Қазоқистон хабар доданд. Юлдошева рӯзи 13-уми нобяр аз сӯи кормандони Хадамоти марзбонии Қазоқистон боздошт шуд.
Гулмира Қуатбекова, корманди Дафтари ҳуқуқи башари Қазоқистон рӯзи якшанбе дар суҳбат бо Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, Юлдошева бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст, ки ҳангоми сафар ба Русия дар гузаргоҳи марзии вилояти Оқтепа боздошт шудааст.
"Марзбонони қазоқ гуфтаанд, ки фаъоли қарақалпоқистонӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад", - изҳор дошт Қутбекова. Ба гуфтаи ӯ, Юлдошева панҷумин фаъоли қарақалпоқистонӣ аст, ки дар Қазоқистон боздошт мешавад.
Расонаҳо пештар аз боздошти чаҳор фаъоли қарақалпоқистонӣ, аз ҷумла Раиса Худойбергенова дар Алмато хабар дода буданд. Бино ба хабарҳо, Худойбергенова, ки ҳамчун табиби бемориҳои дил дар Қазоқистон кор мекард, дар коргоҳаш дастгир шудааст.
Нашрияи "Власт"-и Қазоқистон менависад, Худойбергенова дар "сӯиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон" гумонбар мешавад. Зидди фаъолони дигари қарақалпоқистонӣ Жангелдӣ Жақсимбетов ва Қошқарбой Торемуратов, ки қаблан дар Алмато боздошт шуда буданд, бо чунин иттиҳом айб эълом гаштааст. Пулиси Алмато то ҳол боздошти қарақалпоқистониҳоро шарҳ намедиҳад.
Рӯзҳои 1-2-уми июли имсол дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.