"Халиқ бонк" намояндагияшро дар Тоҷикистон мефурӯшад
"Халиқ бонк" ё Бонки халқии Қазоқистон эълон кардааст, ки саҳмияҳои бахши тоҷикистонии худро пурра мефурӯшад. Сомонаии расмии бонк хабар додааст, ки муомилот дар бораи хариду фурӯши саҳмияҳои намояндагии "Халиқ бонк" дар Душанбе бо "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" дар моҳи декабр ба анҷом мерасад.