Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо бозии Қатар ва Эквадор оғоз меёбад
Рӯзи 20-уми ноябр дар Қатар маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 доир мегардад. Чорабинӣ дар варзишгоҳи “Ал-Байт” як соат пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Қатар ва Эквадор соати 20:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.