Ҷоми ҷаҳонии футбол: Англия Эронро ба ҳисоби 6:2 шикаст дод
Дастаи мунтахаби Англия дар дувумин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими Эронро ба ҳисоби бузурги 6:2 шикаст дод. Ин бозии гурӯҳи В шоми 21-уми ноябр дар варзишгоҳи «Халифа Интернейшнл»-и шаҳри Давҳа (Доҳа) гузашт.