Шаҳрванди Қирғизистон ба куштори як ҳамватанаш дар Маскав айбдор мешавад
Ҷасади як шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар яке аз хадамотҳои таксии шаҳри Москваи Русия ҳамчун ронанда кор мекард, аз дохили мошин пайдо кардаанд.
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, шаҳрванди ин кишвар дар натиҷаи буғӣ кардан ҷон додааст. Дар робита ба қатли ронандаи таксӣ як шаҳрванди дигари Қирғизистон боздошт шудааст.
"Аз марди гумонбар корти бонкии ронандаи таксиро пайдо кардаанд", - иттилоъ додааст сомонаи Кумитаи тафтишотии Русия.
Бино ба хабари баъзе аз расонаҳо, шаҳрванди кушташудаи Қирғизистон зодаи вилояти Ӯши он кишвар аст. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Куштор" парванда боз шудааст.