Ба "Истиқлол" Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило супурда шуд
Бошгоҳи “Истиқлол” пас аз бозии даври 22-юми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо тими “Хуҷанд”, ки рӯзи чоршанбеи 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилои мусобиқот мукофотонида шуд.