Шумори гирифторони коронавирус дар Узбекистон дубора зиёд шуд
Шумори мубталоёни нав ба коронавирус дар давоми як ҳафтаи ахир дар Узбекистон дубора афзоиш ёфтааст. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Узбекистон, 24 ноябр гирифтории 98 кас ба коронавирус тасдиқ шудааст.
Нурмат Атабеков, муовини сардори Хадамоти беҳдоштӣ, эпидемиологӣ ва саломатии аҳолии Узбекистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, шумори гирифторони коронавирус ва онҳое, ки дар ин кишвар дар карантин ҳастанд, дар давоми 7 рӯзи ахир ба 2310 кас расидааст.
Ба иттилои манбаъ, шумори умумии гирифторони коронавирус дар Узбекистон то 23 ноябри имсол 245 665 нафарро ташкил медиҳад. Аз оғози пандемия дар баҳори соли 2020 то кунун дар Узбекистон 1637 нафар аз коронавирус бохтааст.