Тоқаев монд. Сиёсати Қазоқистон бо Тоҷикистону дигарон чӣ хоҳад шуд?
Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи зудҳангоми 20-уми ноябр, ки ба хулосаи нозирони байнулмилалӣ бе рақобати воқеӣ гузашт, дигарбора раиси ҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Вай ба иҷрои дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвараш 7 сол муҳлат дорад.