Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2022

Елтсини тоҷик дар бозори Алмаато, чӣ кор мекунад? ВИДЕО

0
Елтсини тоҷик дар бозори Алмаато, чӣ кор мекунад? ВИДЕО

Чанд бахши калонтарин бозорҳои шаҳри Алмаатои Қазоқистонро “растаҳои тоҷикӣ” ном мебаранд. Дар ин ҷо асосан фурӯшандагони тоҷик кор мекунанд. Дар 30 соли охир тиҷорати мева ва пойабзор дар бозорҳои Алмаато тадриҷан ба ихтиёри тоҷикон гузаштааст. Тоҷирон мегӯянд, савдо дар инҷо назар ба Тоҷикистон бештар аст, аммо иҷораи дӯкон ҳам дандоншикан.

Бозори “Кабудӣ”, яке аз калонтарин нуқтаҳои савдо дар шаҳри Алмаато аст. Як бахши калони фурӯшандаҳои ин бозор тоҷиконанд. Қисме аз Тоҷикистон омадаанду қисме аз Самарқанди Узбекистон.

Муқим Юнусов аз шаҳри Исфараи Тоҷикистон аст. Ӯро дар ин бозор бо тахаллуси Елтсин мешиносанд. Худаш мегӯяд, ҳанӯз дар ҷавонӣ ба хотири фаъол буданаш, ӯро ба раиси ҷумҳури собиқи Русия Борис Елтсин монанд мекарданд. Елтсини тоҷик бештари меваҳоро аз вилояти Суғди Тоҷикистон меорад.

Ба гуфтаи Юнусов, дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ падар ва бобояш низ ба Қазоқистон мева оварда мефурӯхтанд. Аммо онҳо мисли ин қаҳрамони мо, дар Қазоқистон иқомати доимӣ надоштанд.

“Ин раста аз аввал барои тоҷикону узбекҳо дода шудааст. Онҳо дар инҷо асосан меваи тар ва хушк мефурӯшанд. Мо аз Исфара хушкмева меорем ва ҳамсояамон аз Самарқанд мавиз меоранд,”-гуфт Баҳром Юнусов.

Меҳмон Юнусов, бародари Баҳром Юнусов ҳам 29 сол пеш ба Алмаато меваи хушк оварда яклухт мефурӯхт. Ҳоло ба савдои чакана гузаштааст. Ӯ ва дигар тоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ҳаққи иқомати доимӣ доранд. Бе ин санад ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи савдо дода намешавад. Мушкили асосии соҳибкорон дар ин бозор нархи иҷора аст.

Меҳмон Юнусов барои ҳар метр ҷойи савдо 38 ҳазор тангаи қазоқӣ ё 70 доллар месупорад. “Барои ҳар моли фурӯхтаамон расид медиҳем ва андозро ҳам вобаста ба ҳаҷми савдо месупорем.”

Кори тоҷирони тоҷик дар шаҳри Алмаато танҳо ба фурӯши меваи хушк маҳдуд намешавад. Дар бозори маъруф ба “Барахолка” ҳам тоҷирони тоҷик зиёданд. Аксари онҳо зодагони минтақаи Рашт буда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Қазоқистон кӯчиданд.

Ба ғайр аз савдо, муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ба бинокорӣ ва боркашонӣ низ машғуланд. Вале муҳҷоирони ноком ҳам ҳастанд. Бархе ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, бархе муҳоҷирон бахусус ҷавонони тоҷик ба Қазоқистон омада сарсон мешаванд. Ҳикматулло Гадоев, яке аз тоҷирони тоҷик дар Алмаато аз муҳоҷирон даъват дорад, ки бидуни омодагӣ фарзандони худро ба Қазоқистон нафиристанд.

“Мактабро тамом мекунанду онҳоро ба муҳоҷират мефиристанд. Баъд мегӯянд, ки фалонӣ дар сохтмон кор карда пулашонро надоданд.Барои онки ҳуқуқҳои худро намедонанд, донишашон кам аст. Хор шуданашон аз ҳисоби ҳамин надонистани қонун ва ҳуқуқҳои худ аст,”-мегӯяд Ҳикматулло Гадоев.

Тоҷирони тоҷик ба сурати умум аз шароити кор дар Алмаато розианд ва худро сафирони Тоҷикистон низ мешуморанд. Муқим Юнусов ё ҳамон Елтсини тоҷик мегӯяд, “инҷо мо на танҳо мева мефурӯшем, балки мардуми Тоҷикистонро муаррифӣ мекунем. Инҷо бисёр сайёҳон меоянд, мо онҳоро ба Тоҷикистон даъват мекунем.”

Аксари тоҷирони тоҷик бо Сафорати Тоҷикистон дар Остона ва консулгарии кишвар дар Алмаато робитаи хуб доранд ва дар маъракаҳои онҳо ширкат меварзанд. Аммо ба гуфтаи тоҷирон, сафорат на ҳамеша аз ҳуқуқҳои онҳо ҳимоят мекунад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

6 городов России, где можно увидеть белые ночи кроме Санкт-Петербурга


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин обнародовал программу развития столичного туризма



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

PRomoPulse

Продвижение новой музыки и ваших хитов на радио и в интернете




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Тренер "Динамо" Личка о самой дорогой покупке в Москве: я купил себе самокат

ЭСК указала на ошибки главного арбитра дерби ЦСКА — «Спартак» Казарцева

Личка — о самой дорогой покупке в Москве: два дня назад решил купить самокат за 60 тысяч рублей


WTA

Елена Рыбакина выступила с критикой в адрес WTA



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Антон Чехов

Антон Чехов – писатель, врач, путешественник. В Белгороде прошла творческая встреча, посвящённая писателю



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России