Идомаи эътирозҳо ва шиорҳои зидди Ҳизби коммунисту Ҷинпин дар Чин
Дар пайи эътирозҳои мардум дар Шинҷону Пекин аз маҳдудиятҳои сахти COVID-19 садҳо нафар рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Вуҳан ба кӯчаҳо баромаданд. Ҷое, ки се сол пеш вирус бори аввал дар онҷо шиносоӣ шуд. Хабаргузории "Рейтерз" аз қавли шоҳидон аз боздошти баъзе аз эътирозгарон хабар дод.