Медали биринҷии гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба кураш
Наврӯзи Каримзод, гуштигири тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба кураш, ки рӯзҳои 24-28-уми ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон баргузор шуд, дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.