"Мехостам бимирам..." Аз Додситонӣ хостаанд, шикояти Пирмуҳаммадзодаро санҷад
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳокимаи рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро муваққатан боздоштааст. Додраси парванда аз Додситонии кулли Тоҷикистон хоста, ки шикояти ӯро дар бораи шиканҷа шуданаш дар Идораи умури дохилии шаҳри Ваҳдат бисанҷад.