Харҷ бештар аз даромад ё чаро маош барои зиндагӣ намерасад? ВИДЕО
Як пажӯҳиши Кумитаи омори Тоҷикистон маълум намудааст, ки харҷи хонаводаҳо аз даромадашон бештар аст. Бар асоси ин тадқиқот, дар соли 2022 даромади миёнаи як нафар 755 сомонӣ, вале хароҷот каме бештар аз 855 сомонӣ будааст. Пажӯҳиши мазкурро Кумитаи омор соли равон нашр кард.