Кӯмаки бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ барои мактаб ва оилаҳои камбизоати Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ барои беҳтар кардани сифати таҳсил дар мактаб ва дастгирии оилаҳои камбизоат, ба Тоҷикистон қариб 88 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт медиҳад. Дафтари матбуоти Вазорати молия мегӯяд, ду созишномаи дахлдорро дар ин бора вазир Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимлӣ имзо кардаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати молия мегӯяд, қариб 50 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ барои "баланд бардоштани сифати шароити таълимдиҳӣ ва муҳити таълим дар мактабҳои алоҳидаи таҳсилоти миёнаи умумӣ" ҷудо мешавад. Ҷузъиёти бештари санад маълум нест. Мақомот танҳо гуфтанд, лоиҳаи мазкур то соли 2029 амалӣ мешавад.
Дар доираи созиши дуввум, Бонки Ҷаҳонӣ ва Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон, барои дастгирии хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир дар Тоҷикистон 37,5 миллион доллар грант медиҳанд. Ба иттилои Вазорати молия, ин маблағ то соли 2027 барои дастгирии оилаҳои камбизоат сарф мешавад.
Солҳои гузашта низ Бонки Ҷаҳонӣ барои кӯмак ба оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмак кардааст.