Молдова ҷузъиёти тирандозии Ашӯровро шарҳ дод
Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки баъд аз куштани ду нафар дар фурудгоҳи Кишинёв дастгир шуд бо дархости додситони Молдова барои 30 рӯз дар боздошт мемонад. Мақомоти ин кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ гуфтанд, Ашӯров дар гузашта маъмури пулис буд.