Шаш тоҷикро дар Аврупо бо иттиҳоми терроризм дастгир кардаанд. ВИДЕО
Мақомоти қудратии Олмон ва Ҳолланд нуҳ зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд, ки шаш нафари онҳо аз Тоҷикистон будаанд. Радиои “Мавҷи Олмон” навишт, боздоштшудагон ба таъсиси гуруҳи террористӣ ва дастгирии гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд.