СММ: аксарият дар Тоҷикистон ба тавоноии занон бовар надоранд. ВИДЕО
Як пажӯҳиши нави Барномаи Рушди Созмони Миллал маълум кардааст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мардум ба тавонмандиҳои занон чандон бовар надоранд. Бинобар хулосаи ин назарсанҷӣ беш аз 83 дар сади пурсидашудаҳо дар 60 кишвари ҷаҳон нисбат ба занон қазоватҳои ғалат доштаанд.