Таҳқиқи хабар ё зӯран бурдани духтар? Чаро сокинони Лакат бо милисаҳо ҷанҷол карданд? ВИДЕО
Як хонавода дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан баръакс иддао дорад, ки чанд маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд", вале мақомот ба ҷойи муҳокимаи онҳо амаки духтар ва чанд сокини деҳаро бо худ бурданд.