"Суръати баланд, фасод ё бефарҳангӣ". Чаро тасодуфҳои маргбор кам намешаванд?
Садамаи мудҳиш дар ноҳияи Файзобод, ки боиси марги 11 нафар шуд, бори дигар баҳси фарҳанги ронандагӣ дар кишварро доғ кард. Мақомот мегӯянд, чунин садамаҳо бештар ба далели аз меъёр зиёд будани суръати ҳаракати мошин ва ба самти муқобил баромадани онҳо рух медиҳанд.